ИФТИХОРИ МО: 31 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒДРО САЗОВОР ГАРДИДАНД
Дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон барои соли хониши 2025-2026, ки 31 нафар донишҷӯён, магистрантон ва докторантони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соҳиби идрорпулӣ шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо донишҷӯён изҳор дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим доранд.
Таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.
Тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷўёну магистрантон ва аспирантони фаъолу бомаърифат ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки донишҷўёну магистрантон, олимону аспирантони ҷавони вилоят ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро амиқ эҳсос намуда, бо дарки рисолати аслии донишу илмомӯзӣ ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд.
Боиси хушнудист, ки 31 нафар донишҷӯён, магистрантон ва докторантони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Суғд сазовор дониста шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО